5 Октябр 2025 - 21:57
Source: Parstoday
Тавофуқе бидуни фаластиниҳо; фиреб ё хиёнат?

Як таҳлилгари сиёсӣ муътақид аст, раҳбарони минтақа ба шуҷоату пойдорие, ки фаластиниҳои Ғазза нишон додаанд, бо тарс, буздилӣ ва манфиатталабӣ посух додаанд.

David Hirst, таҳлилгар сиёсӣ ва нависандаи аршади собиқи “Guardian” дар матлабе барои расонаи Middle East Eye менависад: Раҳбарони араб ва мусулмон метавонанд иддао кунанд дар ҳимоят аз тарҳи Трамп, фиреб хӯрдаанд, чаро ки тарҳи эъломӣ дар Вашингтон, ба таври асосӣ бо ончӣ пештар дар Ню-Йорк бо он мувофиқат карда буданд, тафовут дошт. Аммо ин, хушбинонатарин таъбир аст. Вожаи дигари хиёнат аст.

Ба гузориши Порс Тудей  Ҳирст афзуд: Дуруст дар замоне аз таърих, ки афкори умумии ҷаҳон, ошкоро алайҳи Исроил шуда ва теъдоди бештаре аз кишварҳо давлати Фаластинро ба расмият шинохтаанд, ҳашт раҳбари арабу мусулмон бо тарҳе мувофиқат карданд, ки тазмин мекунад ҳеҷ давлати мустақиле натавонад аз миёни вайронаҳои интиқоми Исроил сар бароварад.

Ҳеҷ ихтиёре дар кор нест

Тазмине вуҷӯд надорад, ки поксозии қавмӣ ва наслкушӣ мутаваққиф шуда бошад, зеро бар асоси ин тавофуқ, неруҳои исроилӣ қарор нест, Навори Ғаззаро тарк кунанд ва ин Натаняҳу аст, ки тасмим мегирад бо чӣ суръате ва чӣ андоза аз Ғаззаро ба «неруи байналмилалии тасбит» ISF вогузор кунад. Ҳамчунин, ӯ таъйин мекунад, чӣ мизон кумаку маводи бозсозӣ ба Ғазза ирсол шавад. Ҳеҷ ҷадвали замонии мушаххасе барои чунин хурӯҷе вуҷӯд надорад. Бар асоси ин тарҳ, ҳеҷ нақше барои ҳеҷ навъ раҳбарии фаластинӣ дар бозсозии Ғазза дарназар гирифта нашудааст. Ғазза ба таври қатъӣ ва расмӣ аз Каронаи бохтарии ишғолӣ, ҷудо шуда ва ҳар гуна андеша дар бораи пайванди ин ду, ба куллӣ канор гузошта шудааст.

Вай дар идома гуфт: Ҳеҷ як аз ҳашт раҳбар, нахуствазир ё вазири хориҷаи кишварҳои Туркия, Қатар, Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Урдун, Миср, Индонезия ва Покистон, пеш аз мувофиқат бо ин тарҳ, бо фаластиниҳо машварат накарданд. Дуруст ҳамонтавр, ки фаластиниҳо ҳеҷ ихтиёре дар сохтори ҳукумате, ки қарор аст бар онҳо дар Ғазза таҳмил шавад надоранд.

Ҳамаи хостаҳои натаняҳу

Аҷиб нест, ки Натаняҳу лабханди бузурге бар чеҳра дошт. Ва ҷои тааҷҷубе надорад, ки ба бинандагони телевизиони Исроил гуфт: «Чӣ касе бовар мекард, чунин чизе мумкин шавад? Ҳамеша мегуфтанд, бояд шароити Ҳамосро бипазирӣ, ҳамаро берун биоварӣ. Неруҳои мо бояд ақибнишинӣ кунанд то Ҳамос дубора ҷон бигираду Навори Ғаззаро бозсозӣ кунад. Маҳол аст. Чунин чизе иттифоқ нахоҳад афтод.»

Сипас дар посух ба мувофиқат бо ташкили як давлати фаластинӣ посух дод: «Қатъан на. Чунин чизе дар тавофуқномаи навишта нашуда, аммо як нуктаро равшан гуфтем: инки мо ба шиддат бо ташкили давлати Фаластин мухолифем. Раисиҷумҳур Трамп ҳам ҳаминро гуфт. Ӯ гуфт, ки дарк мекунад.» Дар ин маврид ҳақ бо ӯст. Охирин банд аз бист банди тавофуқ фақат мегуяд: «Иёлоти муттаҳида гуфтугу миёни Исроил ва фаластиниҳо барқарор хоҳад кард то дар бораи уфуқи сиёсӣ барои ҳамзистии сулҳомезу шукӯфо ба тавофуқ барисанд».

Фаластини танҳо

Агар Ҳамос асиронро таслим кунад, ҳеҷ тазмине вуҷӯд надорад, ки ҷанг поён ёбад, ва ҳеҷ аҳруме барои озодии зиндониёни фаластинӣ боқӣ нахоҳад монд. Агар ҳам онро рад кунад, ҷанг бо ҳимояти комили Трамп идома хоҳад ёфт. Аз Арабистони Саудӣ, Иморот, Урдун ва Миср, дар наҳваи таслим шуданашон набояд шигифтзада шуд. Туркия ва Қатар низ дар ин моҷаро шариканд. Ҳар ду бо таъйиди тавофуқе чунин якҷониба ва золимона, ба фаластиниён пушт кардаанд. Ҳоло пас аз ду сол наслкушӣ, Исроил муҷаввизи комил дорад, ки дар Ғазза боқӣ бимонад. Чӣ ба таври мустақим, чӣ аз тариқи воситаҳое ҳамчун Тони Блэр, нахуствазири пешини Британия.

Ҳатто агар нерӯҳояшро комилан ақиб бикашад, боз ҳам марзҳоро хоҳад басту мизону кайфияти кумакҳо ва масолеҳи бозсозиро кантрол хоҳад кард. Муҷаввизи ҳамла ба Масҷидулақсоро дорад. Муҷаввизи сохти шаҳракҳои яҳуднишин дар Каронаи Бохтариро дорад. Ин ҳамон формули тавофуқҳои Осло аст, аммо ин бор дар миқёсе бисёр густардатару хатарноктар. Фаластиниён танҳо замоне иҷоза хоҳанд дошт дар канори Исроил дар сулҳ зиндагӣ кунанд, ки худро мутеъи хостаҳои он нишон диҳанд, дар гӯшаҳое аз сарзамин паноҳ бибаранд, ки шаҳракнишинон ҳануз тасарруф накардаанд ва ҳар гуна рӯёруии истиқлолро канор бигузоранд. Ҳаргиз дар таърих, фаластиниҳо чунин танҳо набудаанд. Раҳбарони арабу мусулмон дар баробари шуҷоату пойдории мардуми Ғазза, ки шабу рӯз бар сафҳаи телевизионҳо ба намоиш даромада аст, бо тарс, буздилӣ ва манофеи шахсӣ посух додаанд.

Your Comment

You are replying to: .
captcha